Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Суғд парвандаи раҳбари ширкати «Тезрав» дар шаҳри Хуҷанд - Бахтиёр Муҳаммаддиевро ба додгоҳ ирсол кардааст. Додситонӣ ӯро барои фаъолияти ғайриқонунӣ, аз худ кардани ҳадди ақал беш аз 500 ҳазор доллар маблағи сокинон муттаҳам меҳисобад.

«Тезрав» худро намояндаи ширкати хориҷии «TVI Express» дар Тоҷикистон эълон карда, дар давоми беш аз як сол тиҷорати шабакавӣ пеш мебурд.
Садҳо сокинони маблағҳояшон дар дасти ин ширкат буда рӯёнидани онро аз додгоҳ чашмдоранд.

Бохти 500 доллар, бурди 10 ҳазор доллар

Малоҳат як зани тоҷирзани 55 сола аз шаҳри Хуҷанд аст, ки бо саҳми 500 доллар ба ширкати «TVI Express» ҳамроҳ шуд ва маблағи худро аз даст дод.

Вай мегӯяд, барои ба даст овардани маблағаш бояд 14 нафари дигарро ба пулбозии ин ширкат ҷалб мекард. Дар сурати даъвати 50 нафари дигар, вай 10 ҳазор доллар мукофот ва роҳҳат ба саёҳати имтиёзнокро интизор дошт. Аммо …
«… ман дигаронро даъват карда натавонистам. Бо касоне, ки ҳамсӯҳбат шудам, гуфтанд, ки ин тиҷорати шабакавӣ аст. Аввалиҳо мегиранд, охириҳо аз пулҳои худ ҷудо мешаванд… Пули ман дар дасти ҳамин ширкат монд.» - мегӯяд Малоҳат.

Акнун мисли вай садҳо сокинони дигар дар фикри он ҳастанд, ки чӣ гуна пулҳои худро аз ширкати мазкур бозпас бигиранд.

Ширкати мазкур бозпас додани пулҳои бозигаронро масъулияти худ намедонад.

Яке аз дастандаркорони ин таҷорат дар Хуҷанд, ки ба Радиои Озодӣ худро Ситора муаррифӣ кард мегӯяд: «TVI як ширкати байналмилалӣ аст, дар тамоми дунё кор мекунад. Ин бизнеси хонагӣ бо интернет аст. Ҳар кас ки хоҳад, иштирок мекунад. Додситонӣ кори ширкати «Тезрав» - ро тафтиш мекунад, на TVI – ро. Шумо агар кор кардан хоҳед, марҳамат аз ҳар компютер одамонро аз кадом давлат, ки хоҳед, ҳамроҳ кардан гиред. Мо ҳам ки иҷозат ёфтем, корро давом медиҳем.»

Додситонӣ : «Маблағҳоро барнагардонанд ба ҳабс мегирем !»

Ба гуфтаи додситони Суғд – Юсуф Раҳмонов, парванда алайҳи раҳбари ширкати «Тезрав» бо арзи бархе аз шаҳрвандон боз гардид: «Намояндагони ин ширкат зиёда аз 2 ҳазор сокинро дар Хуҷанду Панҷакенту Душанбе фиреб карда, маблағҳои онҳоро аз худ кардаанд. Худашон гуфта наметавонанд, ки ба чӣ машғуланд, мақсадашон чӣ аст – гоҳ мегӯянд, ки мақсадашон ташкили саёҳати бепул буд, гоҳе мегӯянд, касе, ки бисёр одам ҷалб мекард, маблағ бурд мекард…»

Аммо то кунун ба як саволи саризабонии сокинон, ки чаро дар давоми як сол аз фаъолияти ғайриқонунии ширкати мазкур, мақомот чашм мепӯшиданд ва намояндагони ширкат бо тарғибу ташвиқи густарда, садҳову ҳазорон нафарро ба пулбозӣ ва бунёди аҳроми пулӣ ҷалб мекарданд, аз сӯи мақомот бепосух мондааст.

Додситонӣ мегӯяд, ширкати «Тезрав» бо намояндагӣ аз ширкати «TVI Express» бидуни иҷозанома фаъолият мекард ва ҳадди ақал 400 ҳазор долларро аз супурдани андоз пинҳон дошт.Тафтишоти аввалия фаъолияти ширкати мазкурро ғайриқонунӣ ҳисобида, талаб дорад масъулини ин шабака маблағҳои сокинонро баргардонанд.

Раҳбари ин ширкати сабтиномнашуда - Бахтиёр Муҳаммадиев, корманди собиқи созмони ҷавонон, аз се моҳ инҷониб дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Додситонӣ вайро аз рӯи банди 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» айбдор медонад.

Иштирокдорони пулбозӣ мунтазиранд дар ниҳояти амр маблағҳои онҳо баргардонида мешавад.

Маблағҳои сокинон куҷо рафт ?

Аммо Зебӣ Муҳаммадиева – модари Бахтиёри маҳбус ба Озодӣ гуфт, ки писараш маблағ ва дороӣ надорад: «Маблағҳоро ҷамъ карда, ба намояндаи ширкати TVI ба Қазоқистон мефиристод, аз он ҷо ба Лондон, маркази ширкат мефиристоданд. Дар ин бора бо интернет ҳуҷҷат фиристоданд, тафтишот қабул накард. Гуфтанд, ки ҳуҷҷати муҳрдор бо почта фиристанд. Акнун онро ҳам равон кардаанд, ки дар роҳ аст».

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, ки парвандаи қазияи TVI – ро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва баъдан бозбинии он шурӯъ мегардад.

Дар сурати гунаҳкор дониста шудан, ба Бахтиёр Муҳаммадиев - раҳбари ширкати «Тезрав», Кодекси ҷиноӣ ҳукми зиндон ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад.

Аммо мисли хонум – Малоҳат садҳо сокинони маблағаздастдода рӯёнидани маблағҳояшонро умедворанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ингуна нашудааст, ки баъд аз фурӯ пошидани аҳромҳои пулӣ маблағҳо соҳибони аслии худро ёфта бошад.

Мисоли рӯшани он, муҳрабозии пурсарусадои чанд сол пеш ва фарҷоми ғамангези он барои садҳо сокинони Душанбе ва манотиқи дигар буд, ки то имрӯз намедонанд пулҳои онҳо куҷо рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG