Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гаравгонҳо дар бинои Discovery озод шуданд


Дар шаҳри Силвер-Спринг, воқеъ дар канори Вошингтон, полис ҷинояткореро, ки дар бинои шабакаи телевизионии Discovery се нафарро гаравгон гирифта буд, ҳадафи тир қарор дод. Ҳарсе гаравгон бидуни осеб аз бино берун шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, кормандони полис бо одамрабо Ҷеймс Ли чанд соат телефонӣ музокирот карданд. Ли эълом дошт, ки барномаҳои телевизиони Discovery-ро хуш надорад.
XS
SM
MD
LG