Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу ва Аббос хостори дастёбӣ ба сулҳ шуданд


Раҳбарони Исроил ва Фаластин аз пешниҳоди дарстёбӣ ба созиши сулҳ дар музокироте, ки имрӯз дар Вошингтон шурӯъ мешавад, пуштибонӣ карданд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама раҳбари Фаластин Маҳумд Аббосро “шарики сулҳ” номид. Дар навбати худ Маҳмуд Аббос тахмин зад, ки созиши сулҳ метавонад соли оянда ҳосил шавад ва аз Исроил даъват кард, ки бунёди манозили нав дар Каронаи бозтарии руди Урдунро мутаваққиф кунад.
Аз ин пеш Барак Обама аз ҳарду ҷониб даъват кард, ки нобовариро ба ҳукми таърих супоранд ва роҳҳои нави имкони ҳалли мусолиматомез, аз ҷумла, дар робита ба ташкили давлати мустақили Фаластинро пайдо кунанд.
Барак Обама гуфт, ки Амрико наметавонад сари исроилиҳову фаластиниҳо ҳалли мусолиматомези равобити дуҷонибаашонро таҳмил кунад. Обама дар робита ба эҳёи музокироти мустақим миёни раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Вошингтон сухаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, фақат худи исроилиҳову фаластиниҳо тавони ҳамроҳ таҳия кардани барномаи сулҳро доранд. Барак Обама афзуд, ки дигар кишварҳо метавонанд фақат ба раванди музокирот кӯмак кунанд. Ба гуфтаи ӯ. "кори сангин аз ҳоло шурӯъ мешавад. Комёбӣ ё шикаст - ногузир нестанд. Ва аммо агар мо ин талошро накунем пас ба шикаст мувоҷеҳ мешавем. Агар ҳарду ҷониб ба музокирот ҷиддӣ бархӯрд накунанд, низоъ давоми умри боз як насл тӯл хоҳад кашид. Мо наметавонем бо ин муросо кунем".
Дирӯз Барак Обама дар Кохи Сафед раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро ба хузур пазируфт. Ёдовар мешавем, ки Аббос ва Нетаняҳу ба хотири аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна бо даъвати Обама вориди Вошингтон шуданд. Ин нахустин музокироти мустақими исроилихо ва фаластиниҳо дар тӯли тақрибан ду соли охир аст.
XS
SM
MD
LG