Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз Тошканд раҳои ду афсари қирғизро талаб дорад


Мақомоти Қирғизистону Ӯзбакистон дар мавриди раҳоии ду афсари воломақоми нерӯҳои марзбонии қирғиз музокирот мекунанд. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ду полковники қирғиз рӯзи сешанбе дар деҳаи Пулгони ноҳияи Қадамҷой, воқеъ дар марзи Ӯзбакистон, боздошт шуданд. Тоштемур Ешалиев, як корманди масъули ҳукумати вилояти Бодканд, ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарони марзбони қирғиз мехостанд баъзе мушкилотеро ҳал кунанд, ки баъди аз сӯи Ӯзбакистон барои се рӯз бастани гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистон ба миён омаданд. Ва аммо баъди вуруд ба постгоҳи марзбонҳои ӯзбак онҳо дастгир шуданд.
Ӯзбакистон чанд сол боз дар арафаи таҷлили рӯзи истиқлолият – 1 сентябр марзҳояш бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Тоҷикистонро мебандад.
XS
SM
MD
LG