Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ходими маъруфи мазҳабӣ дар таркише дар Қандаҳор


Бар асари инфиҷор дар яке аз майдонҳои марказии шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ходими маъруфи мазҳабӣ Муҳаммад Ҳасан Темурӣ ба ҳалокат расид. Дар ин таркиш як нафари дигар ҳам кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Муҳаммад Ҳасан Темурӣ масъули ташкили ҳаҷ ба Макка буд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Дирӯз созмони хайрияи Oxfam эълом дошт, ки фаъолияташ дар шимоли Афғонистонро мутаваққиф месозад. Рӯзи шанбеи гузашта мошини ин созмон дар вилояти Бадахшон ба майни раҳ бархӯрд ва бар асари ин се корманди Oxfam ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG