Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА Душанбе ва Тошкандро ба мусолиҳа даъват кард


Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико

Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико

Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА, рӯзи чоршанбе дар поёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Тошканду Душанберо ба музокироти баҳсҳои байни ду давлат даъват кард. Блейк гуфт, ИМА ба ҷонибҳои баҳс машварат додааст, ки нигарониҳои ҳамдигарро дар мавриди масоили баҳсбарангез бишнаванд.

Роберт Блейк ба суоли хабарнигоре посух дод, ки мехост мавқеъи Амрикоро дар робита ба баҳси Тошканду Душанбе бар сари бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва таҳримоти молу колои Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон бидонад. Ёвари вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт, ки кишвараш аз кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид дар рафъи ихтилофҳо пуштибонӣ мекунад.

Ба гуфтаи мансабдори баландпояи амрикоӣ, ташвишҳои ҳар ду ҷониб шаръӣ буда, муҳим аст, ки он ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ҳал шавад.

"Ҳадафи мо зиндагии беҳтари мардуми Тоҷикистон аст"

Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико, пас аз мулоқот бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба хабарниголрон гуфт, ки ҳадафи ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон ба зиндагии беҳтаре расидани мардуми ин кишвар аст.

Ҷаноби Блейк ҳамчунин хабар дод, ки кишвараш ҳаҷми кӯмакҳо ба Тоҷикистонро 10 дарсад афзоиш додааст.

Ёвари вазири хориҷаи Амрико дар ин мулоқот ҳамчунин масоили байналмилалиро матраҳ кард. Ӯ дар мавриди хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон гуфт, ҳарчанд артиши ИМА мувофиқи ҷадвали мушаххас бояд тобистони соли 2011 аз Афғонистон берун шаванд, аммо дар асл ин иқдом ба омодагии ҳукумати Кобул бастагӣ дорад, ки то куҷо аз уҳдаи таъмини амнияти кишвар мебарояд.



Мулоқоти Блейк бо Раҳмон


Роберт Блейк дирӯз бо ҳадафи ширкат дар машаваратҳои сиёсии Амрико ва Тоҷикистон вориди Душанбе шуд. Субҳи имрӯз ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Бархе аз расонаҳои хориҷӣ қабл аз сафари Блейк ба Душанбе яке аз ҳадафҳои сафари ҳайати амрикоиро ба масъалаи фурӯдгоҳи низомии Айнӣ рабт медоданд. Ин расонаҳо навиштаанд, ки Амрикову НАТО аз тавофуқи Русияву Тоҷикистон бар сари фурӯдгоҳи Айнӣ нигарон шудаанд.

Аммо оқои Блейк ба хабарнигорон гуфт, ки ин иттилоъ комилан ғалат аст ва ин мавзӯъ дар мулоқот бо президент матраҳ набудааст.

Блейк: ҲНИТ ҳизби тундгаро нест

Ёвари вазири хориҷаи Амрико сафари дурузаи худ ба Тоҷикистонро бо як дидор бо раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ анҷом дод.

Роберт Блейк ба дунболи ин мулоқот гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикисон як созмон тундгароӣ ва терористӣ набуда, балки аз исломи мусолиматомез дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Вай афзуд, таи солҳои ахир аз ҷониби ин ҳизб ҳеҷ гуна амали тундгароӣ зоҳир нашудааст. Вай гуфт, то ба ҳол ягон муносибати ин ҳизб бо аҳзоби тундгарову террористро мушоҳида накардаем.

Ин нуктаро Роберт Блейк пас аз он изҳор дошт, ки раиси ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт, тайи як соли ахир ҳукумати Тоҷикистон муносибаташро бо хизби ӯ тағйир дода, алоқаи ҳамкорӣ нишон намедиҳад.

Оғои Кабирӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон ин нуктаро тайид кард ва гуфт, ки дар ин дидор вай бештар рӯи ҳамкориҳои Ҳизби наҳзат бо ҳукумати кишвар сӯҳбат кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG