Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА хостори ҳалли ихтилофҳои Душанбеву Тошканд аст


Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико гуфт, ин кишвар хостори он аст, ки мушкилоти мавҷудаи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар чаҳорчӯби музокираҳои дуҷонибаи ин давлатҳо ва бо мусоидати СММ ҳалли худро пайдо кунад. Дар посух ба саволи хабарнигорон дар Душанбе имрӯз ӯ гуфт, ки “Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳарду дӯсту шарики ИМА ҳастанд” ва Амрико хостори он аст, ки ин кишварҳо базудӣ ихтилофҳои худро бартараф мекунанд. Вай бо ишора ба монеаҳои Ӯзбакистон дар бунёди сарбанди Роғун ва масдуд шудани борҳои Тоҷикистон дар роҳҳои оҳани кишвари ҳамсоя гуфт, ки “масоили зиёди мавриди ихтилофи ин кишварҳо ба ҳам омехта ҳастанд”. Вай афзуд:

“ИМА пеш аз ҳама аз талошҳои ҳалли дуҷонибаи ин ихтилофҳо тарафдорӣ мекунад. Мо инчунин аз талошҳои ҳалли ин ихтилофҳо тавассути СММ ҷонибдорӣ мекунем. Мо бо ин ду давлат дар мулоқотҳои дуҷониба низ ҳамсӯҳбат шудем, то ки онҳо ба ҳарфу нигарониҳои ҳамдигар гӯш дода талош кунанд ин ихтилофотро бартараф кунанд. Ин ҳақи қонунии ҳарду давлат аст ва хеле муҳим аст, ки ин ихтилофҳо ба манфиати мардуми ҳарду давлат ҳаллу фасл шавад”.

Роберт Блейк инчунин имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорони тоҷик ҳар гуна ҳадсу гумонзаниҳои матбуотро оид ба эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар хоки Тоҷикистон рад кард.
XS
SM
MD
LG