Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кобул-Бонк"-ро варшикастагӣ таҳдид намекунад


Раиси бонки марказии Афғонистон имрӯз гуфт, ки “Кобул-Бонк”-ро хатари варшикастагӣ таҳдид намекунад, он тавре ки дар расонаҳои амрикоӣ баъди иттиҳомоти марбут ба фасоди ин бонк ҳадс зада мешуд. Нашрияҳои бонуфузтарини Амрико имрӯз хабар доданд, ки бонки мазкур ду раҳбари баландпояи ин ниҳодро баъди иттиҳомоти марбут ба тақаллубу фасоди молӣ, аз ҷумла марбут ба қарзҳои бузурги саҳҳомдорони он аз вазифа сабукдӯш кардааст. Гузориш ҳокист, ки “Кобул-Бонк” ҳоло беш аз 300 миллион долларро аз даст медиҳад ва ин маблағ ба маротиб бештар аз дороиҳои худи бонк мебошад. Дар миёни саҳҳомдорони ин бонк исми бародари президент – Маҳмуд Карзай зикр мешавад.
XS
SM
MD
LG