Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон ҳамоно бо САҲА музокира дорад


Як сухангӯи ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки ин кишвар ҳамоно шароити истиқрори гурӯҳи байналмилалии полисро дар хоки худ баррасӣ дорад. Зарурат барои чунин як амал баъди низоъҳои байниқавмии соли ҷорӣ пеш омад. Қирғизистон ва САҲА баъди задухӯрдҳои хунини миёни қирғизу ӯзбактаборҳои маҳаллӣ моҳи июни имсол, ки боиси дарбадар шудани ҳазорҳо нафар шуд, барои истиқрори нирӯҳои бесилоҳи 52-нафара бо унвони “гурӯҳи мушовараи полис” мувофиқа ҳосил карданд. Вале сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, ки тафовуқномае дар ин замина танҳо баъди он ба имзо мерасад, ки санади мазкур манфиатҳои миллии ин кишварро пурра ба эътибор бигирад. Авлонбек Ҷумъабоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

“Ёддошти тафоҳум бояд дар охири моҳи август ба имзо мерасид. Вале то ҳол музокираҳои машваратии мо ба анҷом нарасидаанд. Ҷониби Қирғизистон танҳо дар он сурат ин санадро имзо мекунад, ки манфиатҳои миллии он пурра ба эътибор гирифта шаванд. Масъала ин аст, ки Қирғизистон бо тарҳи омодакардаи дафтари котиботи САҲА розӣ нест”.

Ҳафтаҳои гузашта дар Қирғизистон чандин намоиши эътирозӣ аз барномаҳои истиқрори нирӯҳои полиси САҲА доир шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG