Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи расмии сигоркашӣ дар Юнон


Дар Юнон аз имрӯз эътиборан қонуни нави манъкунандаи сигоркашӣ ба ҳукми иҷро даромад. Ин кишвар дорои ҷамъияти азимтарини сигоркашони Аврупо маҳсуб мешавад. Онҳое, ки ин қонунро нақз мекунанд, ба маблағи то 500 евро ҷарима муҷозот хоҳанд шуд. Ҷазои сохторҳои тиҷоратӣ то 10 ҳазор евро ҷарима ва ё таҳдиди маҳрум шудан аз муҷаввизи корро ташкил медиҳад. Ҳукумати Юнон мегӯяд, ки бо ҳадафи ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ чунин қонунро ҷорӣ кардааст. Айни замон, соҳибони тарабхонаву фурӯшгоҳҳо мегӯянд, ки акнун даромади онҳо кам шуда таҳдид доранд, ки қонунгузории навро таҳрим хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG