Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс аз хатми амалиёти низомии Ироқ хабар дод


Вазири дифои ИМА Роберт Гейтс имрӯз дар ҷараёни як сафари ғайримунтазирааш ба Ироқ гуфт, ки амалиёти низомии ИМА дар Ироқ ба анҷом расид. Вай бо чунин изҳорот дар баробари сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳи Кемп Рамадӣ суханронӣ кард. Раҳбари Пентагон ва муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден бо ҳадафи муаррифии барномаи нави кӯмаки низомӣ ва машваратӣ ба нирӯҳои ироқӣ вориди ин кишвар шуданд. Баъди гузашти ҳафту ним сол аз вуруди нирӯҳои Амрико ба Ироқ ва суқути режими Саддом Ҳусейн дирӯз президент Барак Обама расман роҷеъ ба хатми амалиёти низомӣ дар Ироқ хабар дод.
XS
SM
MD
LG