Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ кушта дар марзи Қаробоғи Кӯҳӣ


Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки дар пайи даргирие дар марзи Қаробоғи Кӯҳӣ се сарбози арманӣ ва ду озарӣ ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороташ вазорат Арманистонро дар душманиву адоват гунаҳгор карда гуфтааст, ки артиши ин кишвар талош кард хати марзро убур карда ба нирӯҳои озарӣ ҳамла кунад. Ҳанӯз вокиши Арманистон ба ин ҳодиса дар даст нест. Дар ҳодисаҳои солҳои 1990-ум арманитаборҳое, ки аз ҷониби Арманистон пуштибонӣ мешуданд, назоратро дар ин вилояти озарбойҷонӣ ба дасти худ дароварданд. Даргириҳои он солҳо ҷони 30 ҳазор нафарро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG