Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори даҳҳо нафар дар шимолу ғарби Покистон


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки бомборони ҳавоии маконҳои эҳтимолан зери назорати ситезаҷӯён дар вилояти Хайбари ҳаммарз бо Афғонистон боиси кушта шудани даҳҳо нафар, аз ҷумла чанд мулкӣ шудааст. Бовар меравад, ки дар водии Тира 55 нафар аз ҳисоби ҷангиён ва аҳли хонаводаи онҳо ба ҳалокат расиданд. Ҳанӯз маълум нест, ки шумори қурбониҳои мулкӣ чӣ қадар будааст. Моҳҳои охир нирӯҳои покистонӣ амалиёти зидди ситезаҷӯёнро дар самти шимолу ғарби ин кишвар вусъат бахшидаанд.
XS
SM
MD
LG