Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон афсаронашро аз Амрико бозхонд


Артиши Покистон гуфт, ки баъди тафтиши ба гуфтааш “ғайриқонунии” амниятӣ, сафари афсарони худро ба ИМА боздошт. Ин гурӯҳи афсарон ба як мулоқот бо низомиёни амрикоӣ даъват шуда буданд. Шоми сешанбе ҳангоми расидани онҳо ба Амрико ин гурӯҳ аз ҳавопаймо берун оварда шуда мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Чанде баъд аз ин ҳодиса вазорати дифои Амрико аз ҳодисаи рухдода изҳори пушаймонӣ карда гурӯҳро ҷавоб дод. Дар натиҷа, артиши Покистон қарор кард, ки гурӯҳро аз идомаи сафар бозхонда сафарро мутаваққиф кунад. ИМА ва Покистон шарики стратегӣ дар муборизаи зиддитеррор маҳсуб мешаванд, вале айни замон дар баъзе масоил шакку шубҳае мавҷуд аст, ки боиси сар задани ингуна ҳодисаҳо мешавад.
XS
SM
MD
LG