Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон донишҷӯёнро ба зиракии сиёсӣ даъват кард


Дар рӯзи аввали хониши соли 2010 президент Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни тоҷикро ба «зиракии сиёсӣ” даъват карда аз майл ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротгаро ҳушдор дод. Вай гуфт, ки ахиран намояндаҳои ҷараёну равияҳои ифротгаро кӯшиши “таъсир расондан ба ҷаҳонбиниву андешаи ҷавонон” мекунанд. Вай гуфт, ки аз “фориғболии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷараёнҳои гуногуни тундраву ифротгаро ба мактабҳои олӣ ворид” шуда, иддае аз ҷавонони ноогоҳро ба тарафи худ моил мекунанд. Вай афзуд, ки ҳамингуна ҷавонони ноогоҳу камтаҷриба, ки ба ҷараёнҳои ифротӣ шомил шуданд, дар солҳои 1990-ум ба майдонҳо кашида шуда қурбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд. Оқои Раҳмон аз донишҷӯён даъват кард, ки “зиракии сиёсиро аз даст надода”, фирефтаи ҳаргуна тарғиботи барои фарҳанги тоҷик ба гуфтаи ӯ бегонаву харобиовар нашаванд.

XS
SM
MD
LG