Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, расман эълон кард, ки амалиёти низомии кишвараш дар Ироқ анҷом ёфтааст. Ӯ дар ин бора дар як паёми телевизионӣ аз дафтари кораш дар Кохи Сафед хабар дод.

Сарвари ИМА гуфт, ки “тавассути артиш ва мутахассисони мулкии мо, тавассути заҳматҳои ироқиҳо, ҳатто бо вуҷуди боқӣ мондани мушкилот, Ироқ имкон дорад, ки соҳиби сарнавишти нав шавад. Инак ман эълон мекунам, ки рисолати низомии Амрико дар Ироқ анҷом ёфт. Акнун нақши асосӣ дар таъмини амнияти кишвар бар дӯши мардуми Ироқ аст”.

Ал-Қоида” ҳамоно ба амнияти ИМА таҳдид мекунад

Барак Обама, дар паёми худ мубориза бо шабакаи “Ал-Қоида”-ро аз муҳимтарин мушкил дар таъмини амнияти кишвар хонд.

Ба гуфтаи вай, ин шабака ба амнияти Амрико таҳдид мекунад. Обама афзуд, ки Амрико ҳатман аз болои Ал-Қоида пирӯз мешавад ва Афғонистон дигар ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ табдил нахоҳад шуд.

Баъд аз хатми амалиёти низомӣ дар Ироқ, мо метавонем захираҳои худро барои аз байн бурдани ин гурӯҳ истифода барем”, гуфт раиси ҷумҳури Амрико.

Хуруҷи ҷузъу томҳои низомии ИМА аз Ироқ охирҳои моҳи август анҷом ёфт. Се рӯз пеш, Барак Обама дар паёми ҳафтагии радиоии худ аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ истиқбол кард ва онро "қадами муҳиме дар хатми масъулонаи ҷанги Ироқ" номид.

Ӯ афзуд, хуруҷи нерӯҳо намунаи иҷрои ваъдаҳои пешазинтихоботии ӯст. Обама ҳамчунин таъкид кард, ки Ироқ ҳамчун ҳар кишвари соҳибистиқлол ҳақ дорад роҳи хоси худро дар пеш бигирад.

Зебарӣ: мо тавони таъмини амниятро дорем

Ва аммо нерӯҳои ироқӣ, ки Обама масъулияти таъмини амниятро бар ӯҳдаи онҳо гузоштааст, то куҷо ба иҷрои ин рисолат омодаанд.

Дирӯз Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ дар сӯҳбат бо хабарнигори Рейтер дар Бағдод гуфт, "ман бовар дорам, ки нерӯҳои амниятии Ироқ тавони мустақилона ҳал кардани вазифаҳои худро доранд ва онҳо метавонанд амнияти кишварро таъмин кунанд".

Ва аммо таҳлилгарон бо ишора ба вазъи ноороми кишвар ба тавони нерӯҳои ироқӣ барои таъмини амният бовар надоранд.

Рӯзи душанбеи гузашта “минтақаи сабзи” Бағдод, ки амнтарин минтақаи ин шаҳр маҳсуб мешавад, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Афроди ношинос ба ин минтақа, ки биноҳои ҳукуматӣ ва сафоратхонаҳо ҷойгиранд, ду мушак партоб карданд.

Дар ду моҳи гузашта ба сӯи “минтақаи сабз” ва фурудгоҳи Бағдод дар маҷмӯъ 60 мушак партоб шудаааст. Дар арафа ва рӯзҳои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ низ дар Ироқ, чанд ҳамлаи маргбор сурат гирифт.

Дар натиҷаи бомбгузориҳои интиҳории рӯзи 17-уми август 57 нафар кушта шуданд. Ҳамлаи пурқурбонии дигар рӯзи 25-уми август рух дод – бар асари инфиҷори як худрав дар назди постгоҳи полис 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

Обама ба ваъда вафо кард

Барак Обама дар маъракаи қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ваъда дода буд, ки дар сурати интихоб шуданаш, ба ҷанг дар Ироқ хотима мебахшад. Ба гуфтаи коршиносон, хатми амалиёти низомӣ шонсҳои Ҳизби демократ дар интихобот ба Конгрессро бештар мекунад.
Акнун дар Ироқ ҳамагӣ 50 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ боқӣ мондаанд, ки нерӯҳои амниятии Ироқро тамрин медиҳанд. Қарор аст, ки то охири соли 2011 ҳама низомиёни амрикоӣ аз Ироқ берун шаванд.
XS
SM
MD
LG