Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед ҳамла ба исроилиҳоро маҳкум кард


Вошингтон ҳамлаи мусаллаҳона дар Каронаи бохтарии рӯди Урдунро, ки бар асари он чаҳор исроилӣ ба ҳалокат расиданд, шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, ки “душманони сулҳ мехоҳанд музокироти мустақими Исроилу Фаластинро халалдор кунанд".
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мошини исроилиҳо рӯзи сешанбе дар канори шаҳри Ҳеврон ҳадафи тирборон қарор гирифт. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса як зани ҳомила низ кушта шудааст. Низомиёни Исроил аз сӯи мусаллаҳони фаластинӣ содир шудани ин ҳамларо баъйид намедонанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рӯх дод, ки қарор аст рӯзи панҷшанбе дар Вошингтон музокироти мустақими Исроилу Фаластин бо миёнҷигарии раисиҷумҳури ИМА Барак Обама аз сар гирифта шавад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос ширкати худ дар ин гуфтушунидро тайид кардаанд.
XS
SM
MD
LG