Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки онҳо бояд ҳушёр бошанд ва фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоъӣ нашаванд. Президент Раҳмон солҳои нооромиҳои Тоҷикистонро мисол овард, ки ҷавонон ба найрангбозиҳои гурӯҳҳои дасисакор фирефта шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими ба истифода додани ду бинои панҷошёна дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо дониҷӯён «Дарси Дониш»- баргузор намуд. Дар ин дарс беш аз ду ҳазор донишҷӯ аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар ширкат карданд.




Президент Раҳмон ба иштирокдорони "Дарси дониш" гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги паҷсола аз ҳама бештар наврасону ҷавонон кушта шуданд. Эмомали Раҳмон афзуд дар ҳоло низ гурӯҳҳо ва созмонҳои фаъоли тундрав дар пиёда кардани аҳдофи худ мехоҳанд аз ҷавонҳо истифода кунанд.

Ҷаноби Раҳмон Афғонистони ҳамсояро мисол овард, ки як кишвари мусалмоннишин аст ва бо шариати исломӣ зиндагӣ мекунад. Аммо ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи си сол аст, ки ин давлат бо дасти Ал-Қоидаву гурӯҳҳои дигари террористӣ дучори харобиву хисороти ҷонӣ шудааст.

Президент таъкид кард, ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар дуроҳа қарор доранд. Аз як тараф баъзе падару модарон фарзандони худро ба масҷид мекашанд ва аз тарафи дигар ба мактаб мебаранд. Вай гуфт, ки мо бояд яке аз ин ду роҳро интихоб кунем.

Раиси ҷумҳур аз афзоиши сафи духтарон ва занонҶ ки ба пӯшидани либоси мазҳабӣ тарҷеҳ медиҳанд, изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, дар хиёбонҳо дидааст, ки аксари духтарон бо либосу пӯшишҳои мазҳабӣ мегарданд.Ҷавонон мошинсаворанду дар даст телефонҳои дастӣ доранд.

"Таъсиси мактабу донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба хотири он аст, ки ҷавонон бо донишҳои муосир фаро гирифта шаванд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар саҳм амалӣ бигиранд" - гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо донишҷӯёни кишвар.

Ҳамзамон, имрӯз дар ҳама макотиби кишвар садои занги аввал ҳазорон толибилмонро паси мизи мактабӣ хонд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати маорифи кишвар, имсол беш аз 1 миллиону 600 ҳазор талаба дар 3780 мактаби таҳсилоти умумии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки аз он 167 000 нафарашон хонандагони синфи аввал буда, бори нахуст ба остонаи мактаб қадам мегузоранд.

Масъулини ин вазоратхона мегӯянд, дар зарфи як сол – аз моҳи сентябри соли 2009 то сентябри 2010 дар минтақаҳои мухталифи кишвар беш аз 180 мактаб бо 35 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудаст, ки ба гуфтаи онҳо ин ба рушди соҳаи маориф дар кишвар мусоидат менамояд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ҳамин вазорат, дар мактабҳои Тоҷикистон наздик ба ду ҳазор омӯзгор намерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG