Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми ниҳоии парвандаи "Хромая лошадь" тасдиқ шуд


Додситонии кулли Русия иттиҳоми ниҳоӣ дар робита ба парвандаи ҳалокати одамон ҳангоми сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь”-и шаҳри Пермро пазируфт. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, тафтишот собит кардааст, ки фоҷиа бар асари муроот нашудани қоидаҳои зидди сӯхтор ва дар ин шароит баргузор кардани оташбозӣ рӯх додааст.
Гуфта мешавад, ки Додсистони кулли Русия алайҳи ҳашт нафар, аз ҷумла, соҳиби тарабхона Анатолий Зак ва масъули назорати зиддисӯхтори вилояти Перм Владимир Муҳиддинов иттиҳом эълон кардааст. Бар асари сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь”, ки шаби 5 декабри соли 2009 рӯх дод, 156 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG