Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз соли оянда масъулиятро бар дӯши афғонҳо мегузорад


Нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон шурӯъ аз соли оянда метавонанд масъулияти таъмини бехатарӣ дар кишварро бар дӯши кормандони полис ва низомиёни афғон гузоранд. Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен дар мусоҳиба бо телевизиони Дания изҳор намуд, ки айни ҳол ҷадвали дақиқи хуруҷи низомиёни Паймон аз Афғонистон мавҷуд нест ва аммо то соли 2014 Кобул бояд масъулияти таъмини амният лдар кишварро комилан бар дӯши худ бигирад. Расмуссен аз баргузории амалиётҳои бузурги низомӣ дар такягоҳҳои асосии ҷунбиши “Толибон” дар вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор пуштибонӣ кард.
Рӯзи сешанбе дар Афғонистон боз панҷ низомии амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс Пресс, Эътилофи байнулмилалӣ аз оғози соли равон 485 низомияшро талаф додааст. Соли гузашта дар Афғонистон 521 афсари сарбози хориҷӣ ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG