Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Акнун таъмини амният бар дӯши мардуми Ироқ аст


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, расман эълон кард, ки амалиёти низомии кишвар дар Ироқ анҷом ёфт. Ин паёмро ӯ тариқи телевизион аз Кохи Сафед ироа кард. Барак Обама аз қурбониҳои ҷанги Ироқ ёд овард ва афзуд, ки баъд аз анҷоми амалиёти низомӣ акнун масъулияти аслии таъмини амният дар Ироқ бар дӯши мардуми кишвар вогузор хоҳад шуд. Аз ин пеш вазири умури хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ ба хабаргузории Рейтер дар Бағдод гуфта буд, "ман бовар дорам, ки нерӯҳои амниятии Ироқ тавони мустақилона ҳал кардани вазифаҳои худро доранд ва онҳо метавонанд амнияти кишварро таъмин кунанд".
Дар маъракаи қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Барак Обама ба мардум ваъда дода буд, ки дар сурати интихоб шуданаш ба ҷанг дар Ироқ хотима мебахшад.
Акнун дар Ироқ ҳамагӣ 50 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ боқӣ мондаанд, ки нерӯҳои амниятии Ироқро тамрин медиҳанд. Қарор аст, ки то охири соли 2011 ҳама низомиёни амрикоӣ аз Ироқ берун шаванд.
XS
SM
MD
LG