Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати чаҳор исроилӣ дар ҳамлае дар канори Ҳеврон


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун чаҳор исроилӣ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мошини онҳо дар канори шаҳри Ҳеврон ҳадафи тирборон қарор гирифт. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса як зани ҳомила низ кушта шудааст. Низомиёни Исроил аз сӯи мусаллаҳони фаластинӣ содир шудани ин ҳамларо баъйид намедонанд.
Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе дар Вошингтон музокироти мустақими Исроилу Фаластин аз сар гирифта шавад. Сарвазири Исроил Бениямин Нетаняҳу ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ширкати худ дар ин гуфтушунидро тайид кардаанд.
XS
SM
MD
LG