Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштибоҳот дар кори гурӯҳи пажӯҳиши тағйири иқлимӣ СММ


Гурӯҳи байнидавлатии таҳқиқи тағйири иқлим ба манзури ҷилавгирӣ аз такрори иштибоҳҳое, назири ҷанҷоли бархоста бар сари таҳқиқоти соли 2007-ум анҷомдодааш, бояд ислоҳоти бунёдӣ бубинад.

Чунин аст натиҷаи бозрасии панҷмоҳаи фаъолиятҳои ин ниҳоди вобаста ба СММ, ки аз ҷониби як гурӯҳи мустақили коршиносон анҷом ва ахиран дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк муаррифӣ шуд.

Зарурати ислоҳи бунёдӣ

Зарурати ислоҳоти бунёди кори гурӯҳи масъули пажӯҳиши тағйири иқлим ва пешгирӣ аз такрори иштибоҳи се соли пеш.

Таъкиди асосии бозрасони мустақил дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк рӯи ҳамин нукта буд.

Раҳбарии ин ҳайъати иборат аз намояндагони ниҳодҳои мухталифи илмиро Ҳаролд Шапиро, раиси собиқи Донишгоҳи Принстон, аз бонуфузтарин макотиби олии Амрико бар ӯҳда дошт.

Шапиро гуфт, фаъолияти гурӯҳи тағйири иқлим дар маҷмӯъ муваффақ буд, вале онҳоро мебояд дар интихоби манобеъи таҳқиқоти худ аз қоидаҳои шадидтаре кор бигиранд, ки эътиборашон аз даст наравад.

“Ба назари ман, ин иштибоҳот ба эътибори кор латма зад. Дар ин ҷои шакке нест. Эътимод чизест, ки шумо бояд ҳамарӯза дар пайи ба даст оварданаш бошед. Эътимодро сохта намешавад, онро бояд тавассути талошҳои доим соҳиб шуд.”

Бозрасон ҳамчунин хостори бозбинии низоми раҳбарӣ ва пешгирии шадидтар аз ҳар навъ бархӯрди манофеъ дар миёни муҳаққиқони масоили тағйири иқлим шудаанд.

Ин ниҳод барои таҳқиқоти қариб 1000-саҳифаи дар соли 2007, ҳамроҳ бо собиқ ноиби раисиҷумҳури Амрико Ал Гор сазовори ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Он таҳқиқот дар бораи хатароти ҷиддие, ки партоби газҳои гулхонаӣ, ношӣ аз истифодаи ангишту газ ва дигар анвоъи маводи сӯхти табиӣ, барои сайёра ба бор меорад, сахт ҳушдор медод.

Гурӯҳ назароти олимонро нодида гирифтааст

Вале соли гузашта дар арафаи нишасти ҷаҳонии тағйири иқлим дар Копенҳаген беш аз 1000 номаи электронии донишмандони мӯътабари инглис, ки дар таҳияи он таҳқиқот нақши калидӣ бозӣ кардаанд, нашр шуд. Ба бовари мунтақидон, ин номаҳои нашршуда ҳокист, ки гузориши СММ ҳушдорҳои сохтаву дурӯғеро ҳам дар бар мегирифт. Ва шурӯъ шуд ҷанҷоли “Climategate”.

Се таҳқиқоти анҷомшуда дар Бритониё ба ин хулоса расид, ки донишмандони дохилӣ ин қазия ба кадом иштибоҳи муҳиме роҳ надодаанд.

Вале дар моҳи январ, худи ниҳоди масъули тағйири иқлим дар СММ эътироф кард, ки дар гузориши 3 сол пешаш дар мавриди то соли 2035 аз байн рафтани пиряхҳои Ҳимолой, манбаи оби тақрибан 1 миллиард сокини Осиё, ба иштибоҳ роҳ додааст.

Бандҳои дигари чолишзойи ин гузориш, марбут ба таҳдиди боло рафтани сатҳи оби уқёнус барои Бангладеш ва то чӣ андоза зери оби баҳр рафтани Ҳолланд буд.

Ҳаролд Шапиро, раҳбари ҳайъати бозрасон гуфт, як теъдод аз муҳаққиқон бо арзёбии мизони хатари обшавии пиряхҳои Ҳимолой розӣ набудаанд, вале назари онҳо шунида нашуд:

“Гузориши дуввуми гурӯҳи корӣ, ки махсуси пайомадҳои тағйири иқлим буд, барои мисол, чандин изҳороти баланд дошт, ки бо итминони зиёд, вале бо асноди ночиз баён шудааст. Дар арзёбиҳои оянда, ҳамаи гурӯҳҳои корӣ бояд паҳлуҳои норӯшани масъаларо тибқи тартиби ҷорӣ нишон дода, савияи дарки мавзӯъро бар пояи ҳаҷми шавоҳид ва дараҷаи мувофиқати коршиносон тасниф кунанд.”

Раҳбарии гурӯҳи тағйири иқлимро дар СММ Раҷендра Пачаурӣ бар ӯҳда дорад, ки бозрасон аз шахси ӯ низ сахт интиқод карданд.

Вай ки давраи дуввуми шашсолаи раёсат бар ин ниҳодро сипарӣ мекунад гуфт, масъалаи барканориашро ба СММ ҳавола мекунад, вале натоиҷи бозрасиро моҳи октябр дар нишасти навбатӣ дар Кореяи ҷанубӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Пачаурӣ зарурати ислоҳоти кори гурӯҳи зери назарашро эътироф кард, вале гуфт, сабақҳои аслии тағйири иқлим ва нақши инсон дар ин падида ҳақиқатест, ки ҷои шубҳа надорад.
XS
SM
MD
LG