Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти ҳар рӯз фарзияҳои бештари фирори маҳбусон аз зиндони Душанбе ошкор мешавад. Яке аз фарзияҳо ин аст, ки зиндоние аз онҳо бо ходимони зиндон робита барқарор карда ва барои фирор замина фароҳам намудааст. Аммо воқеъият чист? Мусоҳиба бо Парвин Ализода, сухангӯи раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия.

Озодӣ: -Хонум Ализода, шумо фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллиро чи гуна шарҳ медиҳед?

- Пеш аз ҳама бояд бигуям, боиси тааассуфу асту нигаронӣ, ки дарвозаи «СИЗО»-и як Кумитаи бонуфуз дастӣ ва хеле осону сабук кушода мешавад. То ҷое, ки барои кушодани он зури як ангушт кофӣ аст. Амалиёти «Фирор» зиёда аз се соат давом кардааст. Аммо, масъулини КДАМ боре лоақал телефонӣ бо ҳам тамос нагирифтан, вазъу ҳолро назорат кунанд. Вақте, ки маҳбусони дохиливу хориҷӣ бо ҷурмҳои сангину нобахшидани зиндониянд, чӣ гуна метавон ба чунин бемасъулияти роҳ дод? Аз он нигаронем, ки ба ин ҳама бемасъулиятӣ чӣ гуна бархурд хоҳад шуд. Ба масъулоне, ки давлат амнияти худро ба дасти онҳо супурдааст. Шояд онҳо ба кормандони худ сахт эътимод доштанд? Дар ин маврид зарбулмасале халқӣ ба ёд меояд: «Бовар накун ба дустат, коҳ ҷо кунад ба пӯстат!». Зиндоншиканҳо то ҳадде фориғу роҳат кор бурдаанд, ки қулфи ҳама «камераҳо»-ро кушода, ҳамтақдирҳои худро ба фирор даъват кардаанд. Аммо аз шумори умум танҳо бисту панҷ нафар розӣ шуд, дигарҳо даъватро қабул накарданд. Шояд дар ин миён Абдурасул Мирзоев (Бародари Ғаффор Мирзоев) ба қавле аз қатор намонам, гуфта, тасодуфи фирорӣ шуда бошад?! Масири ҳаводис шояд ӯро ба сӯи худ кашид?! Худо накарда, Мирзоев А. марди далеру силаҳшӯр мебуд, ин имкони мусоидро барои раҳо сохтани бародараш Мирзоев Г. истифода мекард, оқибат чӣ мешуд?! Он рӯз 22 нафар занону кӯдакон ба хабаргирии маҳбусони наздики худ омада буданд, ба вохӯрии дарозмуддат (дар муассисаи раками 1 РКИ ВА ЧТ), мабодо гаравгон меафтиданд, чӣ қиёмате бармехост дар ҷумҳурӣ…. Сад ташаккур аз шодравон Умаралӣ Юнусов, ки ҷони худро ба гарав гузошта, чуръат карда мошинҳои шӯбҳаангези хадамоти амниятро тафтиш намуд. Вале нафасе пас, тири гулушикофи туфангча ӯро на танҳо з-ин амали қонунӣ, балки аз зиндагӣ маҳрум сохт. Афсаре, ки аз дидбонгоҳ назорат мекарда ҳеҷ гумон надошт, ки инҳо маҳбусони фирорианд. Либосҳои низоми ба тан, шиносномаи хидмати Кумитаи амнияти бо худ. Агар Юнусов (Ёдаш ба хайр!) истодагарӣ намекард, онҳо осуда аз дарвоза берун мешуданду масъулини КДАМ ҶТ аз асли воқеа субҳ бохабар мешуданд?! Афсаре, ки дар дидбонгоҳ андар камин буд, баъди вазъро пай бурдан оташ кушод, аммо фурсат аз даст рафта буд…
Натиҷагириву хулосаҳо дар ин замина ҳарчанд гуногунанду пурихтилоф, вале як нуқта мусаллам аст, ки ҳатто айёру соҳири мумтозтарини дунё ҳам роҳи фирор аз ин маҳбаси «сахту сангин»- ро пайдр намекард. Қатъи назар аз он, ки ба касбияти кормандони масъули КДАМ ҶТ эътимод дорему эҳтиром, вале тафсиру тавзеи онҳо, ки зиндоншиканиро ба бемасуълиятиву хунукназари ва саҳлангориву низомситезии посбонҳо рабт медиханд, нармакаку ҳамвор ҳам гуем, хукми сахт содда ва бовар накарданист. Чаро ки чунин амалҳои зишт бе тайёрии қабливу нақшарезии дақиқ матраҳ намешавад. Як нигоҳи сатҳи ба зиндагономаи зиндониёни фирори кофист, то бидони, ки чӣ афроди бадкирдор ва бадниҳод буданд онҳо. Дуруст аст, ки навбатдорони оншаба ҳушёриву зиракӣ зоҳир накардаанд, аммо магар танҳову танҳо кормандони қатори гунаҳкоранд?! Шояд об аз боло лой аст?!

Озодӣ: Оё гуфтаҳои шумо ба маъниест, ки низоми дохилии маҳбусхона нигаронкунанда ё бемасъулиятона аст?

- Манзараву вазъи воқеъии ноҳинҷору назму тартиби кор, роҳу рафторе, ки дар тавқифгоҳи тафтишотии номбурда ҳукмфармост ба «лой будани об аз боло» далолат мекунад. Тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ҶТ дар ҳудуди тавқифгоҳи тафтишотии № 1 РКИ ВА ҶТ мавқеъ гирифтааст. Даромадгоҳашон умумист, аммо ба посбонҳои тавқифгоҳи тафтишотии № 1 кормандони зирабти амнияти ҷузъ шиносномаи хизмати дигар чизеро нишон намедиҳанд. Ҳамин ҳуҷҷатро саридастаки як мебароранду халос. (агар хоханд!!!) Посбонҳо ҳуқуқу ваколати тафтишу кофтукоби нақлиёти даробаро мекардигии СИЗО-и амниятро надоранд.

Озодӣ: Зиндонро бепанҷараву симхору дарҳои оҳанинниву дурбини назоратӣ ва қуфлҳои махсус намешавад тасаввур кард. Маҳбаси номбурда ин ҳамаро дошт?


- Дурбини назоратӣ?? Агар ба тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ҶТ нигарӣ манзараи ҳузнангезеро мебинӣ. Дару тирезаҳояш панҷара надоранд. Иншооти мазкур бештар ба кӯдакистоне шабоҳат дорад, ки солҳо боз рӯи таъмиру тармимро надидааст.
Дар бораи риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҳарф задан аз рӯи инсоф нест, чаро, ки соддатарин талаботҳо риоя карда намешавад. Ноҳинҷорӣ, бесарусомониву бенизомие, ки пеши чашми кас падид меояд, дар ягон оғилу аспхонае намебини, ҳарчанд ки мегӯянд: «Зиндон зебо нашаванд, гарчи бипӯшанд ба дебо», вале андаке онро беҳтар кардан аз манфиат холӣ намебуд.

Озодӣ: Фирори зиндониён аз маҳбаси КАМ амали бенамунаест, ки мисли онро танҳо дар филмҳои Ҳоливудӣ метавон тамошо кард. Ин ҳодиса нишон дод, ки маҳбасҳои Тоҷикистон ҳифозати қавӣ надоранд ва агар зиндонӣ бисёр биҳоҳад, метавонад фирор кунад. Дар байни 25 нафар собиқ маҳбуси Гунатнамо, Иброҳи Насриддинов низ ҳаст, ки қаблан дар зиндони Қурғонтеппа нигаҳдорӣ мешуд. Сабаби интиқол ёфтани Иброҳим Насриддинов аз маҳбаси Қурғонтеппа ба Душанбе дар чӣ аст? .

Тайи чанд соли охир, ҳаводисе дар ин тавқифгоҳ бо амри болонишинҳои Кумита рух дод, ки рози он шояд баъди тафтишу таҳқиқи ҳодиса фош шавад. Аммо барои мо ҳанӯз номаълуму норӯшан ва машкук аст, ки чӣ зарурате барои таҳвили ин маҳбус аз Қурғонтеппа ба ба тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ҶТ пеш омад?

Насриддинов дар асоси моддаҳои 104 , 32, 195, 104 ба мӯҳлати 23 сол маҳкум ва зиндони гардида буд. Як далеле, ки Иброҳим Насриддиновро аз зиндони машҳури Гуантанамо овардаанд, кофӣ буд, то ба ӯ хеле эҳтиёткоронаву ҷиддӣ муносибат карда мешуд. Вале ходимони хадамоти амнияти зимни далели «бо ӯ кор бурдан» Иброҳимро ба тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ҶТ на танҳо интиқол додаанд, балки барояш баъзе «имтиёзҳо»-ро низ раво донистанд.

Озодӣ: "Имтиёз" - яъне чӣ? Оё маҳбус имтиёз дорад?

- Бале, имтиёз дошт. Ӯ мисли ходими зиндон ба тамоми камераҳо роҳату бемалол рафтуо мекард ва қуфлу калид ҳам дошт. Чаро, ки «корманди умури хочагӣ» маҳсуб меёфт.

Озодӣ: Баргардем ба фирори зиндониён. Ба назари шумо ин амалиёт чӣ гуна тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст ва дар ин ҳодиса чанд нафар аз кормандони СИЗО қурбонӣ шуданд?

- Маъмулан, дар кулли СИЗО-ҳо тибқи дастурамалу низомномаҳо маҳбусон дар хуҷраҳое нигоҳ дошта бояд шаванд, ки дорои ташноби дохилӣ бошанд. Дар СИЗО-и амният истисност. Ташнобҳо барои маҳбусон дар берун аз камера аст. Ва тибки нақшаи пешакӣ таҳияшуда гуё яке аз маҳбусон "шикамдард" мешавад, то зарурати ба ташноб рафтани ӯ матраҳ мешавад. Дар ҳамин асосу ҳамин баҳона ҳаводиси хуношоми мудҳиш сар зад, ки сари сабзи чанд ҷавони бегӯноҳро хӯрд. Зиндониҳо аз камераҳо ба берун рехта ба нозирон ҳамлавар шуданд, якеро дасту пой шикастанду ваҳшиёна куштанд, ба дасту пойи дигарон завлона заданд ва фирор карданд. Шояд аз тарси ҷон он ду корманди амният шармандагиро ба гардан гирифтанду тибқи дастуру низомномаву ойинномаро поймол карда, ба ҷойи амал дам ба дарун кашиданд.

Озодӣ: Бигӯед, ки зиндониҳои фирорӣ чӣ гуна силоҳ ва сарулибоси низомӣ дасрас карданд?

- Аз соати 22.10 дақиқа то 1.20 дақиқа зиндониҳо орому бепарво, ришу фашу муйи сарҳояшонро тозаву батартиб оварданд, либосҳои низомӣ пӯшиданд, аслиҳаи ғаниматро ба мошинҳо ҷо ба ҷо намуданд. Ин масъала, ки онҳо чӣ гуна аз мавҷудияти анбори силоҳ дар СИЗО хабар доштанд, чуну чароҳҳои зиёдеро ба дунбол дорад.

Чунин ба назар мерасад, ки онҳо пеш аз пеш дар куҷо будани ин амборро медонистанд ё ба онҳо ин иттилоъро дода буданд.

Озодӣ: Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки дар ҷараёни ҳодиса 5 нозири маҳбас кушта шудааст. Масъулияти ин ҳодисаро кӣ бар дӯш мегирад?

- Новобаста аз он, ки тавқифгоҳи тафтишотии № 1 ва тавқифгохи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии як даромадгоҳ доранд, посбонҳояшон аскарону афсарони қисми низомии 6593 РКИ ва Ҷумҳурии Точикистонанд. Шабонгоҳон амниятихо, чи тавре ки қаблан ишора шуд, тафтишу кофтукобро дар қиболи худ иҷоза намедиҳанд. Пас онҳо фориғанду фароҳам. Ва ҳам хости дили худ рафтор мекунанд. Ба ҳар сохторе, ки бигзор амнияти ҳам бошад, одамони тасодуфию нопок роҳ ёфтаанд. Ба назари ман сабаби фирори 25 нафар ҳам мусоидати ҳамин гуна афрод аст. Албатта, ин фарзияест, ки дар хатми тафтишот рӯшан хоҳад шуд.

Озодӣ: Аммо гуфта мешавад ки теъдоли фирориён аз 25 нафар ҳам бештар буда дар байни онҳо собиқ генералҳои зиндони ҳам буданд. Ин иддао то куҷо асос дорад?

То ханӯз гирди моҷарову ҳодисаи мазкур гуфтугузорҳову сару садоҳо зиёд ба гӯш мерасанд. Баъзеҳо ҳадс мезананду мепиндоранд, ки гӯё дар қатори фирориҳо собиқ генералҳо Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов низ буда бошанд. Ин дуруғ асту овозаи беасос! Ба ин далел, ки ҳамаи фирориҳо маҳбусони тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ буда, собиқ генералҳо зиндонии тавқифгохи № 1-и РКИ ВА мебошанд, ва нафаре аз муассисаи номбурда бо фирориён ҳамрох нашудааст….

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG