Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Амрико дар Душанбе


Дар Душанбе имрӯз машваратҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳайати Амрикоро дар нишаст Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири умури хориҷӣ Озода Раҳмонова сарварӣ карданд. Блейк инчунин бо мақомоти дигари Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Як дидори дигари ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ин дувумин машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида аст. Моҳи феврали соли равон дар Вошингтон нахустин машварати сиёсии ИМА ва Тоҷикистон барпо шуда, дар он ҳамкориҳо дар бахшҳои амниятӣ, молиявӣ, энержӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG