Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қиёми рӯз" дар Маскав


Шоми 30 август дар Кохи синамои Маскав филми ҳунарии “Қиёми рӯз”-и коргардони тоҷик Носир Саидов намоиш дода шуд. Ин филм достони ду ошиқест, ки дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ дар ду сӯи марз мондаанд.

Намоиши “Қиёми рӯз” дар чаҳорчӯби ҳамоиши 14-уми синамоҳои миллӣ, ки рӯзи 28 август дар пойтахти Русия оғоз ба кор кард, сурат гирифт.

“Қиёми рӯз”-и Носир Саидов дар моҳи сентябр дар Анапа дар ҷашнвораи “Киношок –2010” ва ба дунбол боз дар ду ҷашвораи байналмилалии синамо дар Қазоқистону Ҳамбурги Олмон низ ширкат хоҳад кард.

Ҳамкори мо Мирзои Салимпур дар як тамоси телефонӣ аз Носир Саидов, ки феълан дар Маскав қарор дорад, пеш аз ҳама инро пурсид, ки истиқболи бинандагон дар Маскав аз “Қиёми рӯз” чӣ гуна буд?

XS
SM
MD
LG