Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон барои реактори пажӯҳишияш сӯхти ҳастаӣ тавлид мекунад


Эрон мегӯяд, нақша дорад, дар байни як соли оянда ба тавлиди сӯхти ҳастаӣ барои реактори пажӯҳишҳои тиббияш дар Теҳрон даст ёбад. Раиси Созмони нерӯи атомии Эрон ва ҳамзамон ноиб-президенти ин кишвар, Алиакбар Солеҳӣ, гуфтааст, Эрон тавонистааст, ба сатҳи то 20 дарсад ғанӣ сохтани уран расад ва дар ин байн 25 килограм урани 20-дарсадӣ тавлид кардааст. Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он Эронро ҳадафи таҳримҳои байнулмилалӣ қарор додаанд, то аз ғанисозии уран, ки метавонад барои бунёди силоҳи ҳастаӣ истифода шавад, даст кашад. Эрон, ки мегӯяд, ҳадафи сохтани бомбаи атомӣ надорад, аввали моҳи август нахустин нерӯгоҳи ҳастаии худро дар Бушер ифтитоҳ кард.
XS
SM
MD
LG