Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни расмии амалиёти ҷангии Амрико дар Ироқ


Иёлоти Муттаҳида қарор аст имрӯз, пас аз ҳафтуним соли ишғоли Ироқ ва барканории режими Саддом Ҳусейн расман поёни амалиёти ҷангии нерӯҳои худро дар ин кишвар эълом дорад. Президенти Амрико, Барак Обама, шоми имрӯз дар як паёми телевизионӣ аз дафтари кориаш дар Кохи Сафед аз поёни амалиёти ҷангӣ дар Ироқ, нақши ояндаи Амрико дар ин кишвар ва тағйири тамаркузи Иёлоти Муттаҳида ба ҷанги зидди ситезаҷӯёни толиб дар Афғонистон хабар хоҳад дод. Бо вуҷуди фарҷоми расмии амалиёти ҳарбӣ, 50 000 сарбози ҷиддан мусаллаҳи амрикоӣ дар Ироқ боқӣ мемонанд, то сарбозони ироқиро тамрин диҳанд ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо кӯмак расонанд. Барои таҷлил аз поёни расмии амалиёти ҷангӣ дар Ироқ, ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден ба Бағдод сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG