Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бовари сарвазири Исроил ба сулҳи ниҳоӣ бо фаластиниҳо


Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, гуфт, бовар дорад, ки сулҳи ниҳоӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо имконпазир аст. Ин изҳороти Нетаняҳу рӯзи душанбе дар ҷаласаи ҳизби Ликуди ӯ дар Тел Авив садо дод. Ин ҷаласа ба сафари Нетаняҳу ба Вошингтон ва ширкаташ дар гуфтушуниди мустақим бо фаластиниҳо бахшида шуд. Тарафҳо ба созиш расидаанд, ки дар муддати як сол дар гуфтушуниди рӯбарӯ ҷузъиёти давлати ояндаи Фаластинро баррасӣ кунанд. Нетаняҳу гуфт:
"Ман содалавҳ нестам. Ман мушкилу монеаҳоро мебинам, аммо бо вуҷуди ин бовар дорам, ки созиши ниҳоии сулҳ як ҳадафи дастрас аст. Албатта, ин фақат ба мо бастагӣ нахоҳад дошт. Ду тараф баҳс хоҳад кард. Аммо ман аз ҷониби худ тамоми вақт ва талоши заруриро дареғ нахоҳам дошт ва барои ҳамин ман фардо ба Вошингтон сафар мекунам."
Раҳбари маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос қарор аст, рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми сентябр пеш аз оғози гуфтушуниди мустақим бо Исроил, бо раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама мулоқот кунад. Ин ҳамоишҳо пас аз чанд моҳи гуфтушунидҳои ғайримустақим дар байни Исроил ва фаластиниҳо имконпазир шудааст.
XS
SM
MD
LG