Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши андоз аз экспорти нафти Қазоқистон


Қазоқистон боҷи судури нафти хоми худро ду баробар зиёд карда, ба 40 доллар барои як тонна расонд. Вазири молияи ин кишвар, Болат Жамишев мегӯяд, пардохти андози нав аз соли оянда шурӯъ хоҳад шуд ва ҳадафаш густариши даромад аст. Ҳукумати Қазоқистон, ин кишвари дорои захираҳои бузурги нафт, боҷи судур ё экспортро соли 2008, дар авҷи бӯҳрони молиявии ҷаҳон ҷорӣ намуд, аммо дар моҳи январи соли 2009 онро аз байн бурд. Сар аз июли имсол андоз аз экспорти нафти хом дубора ва дар ҳаҷми 20 доллар барои 1 тонна ҷорӣ гардид.
XS
SM
MD
LG