Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомила мебарояд


Дар Тоҷикистон пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомила хоҳад баромад. Дар ин бора ва ҳамчун чораи такмили низоми пулии кишвар дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи сешанбе таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд. Қарор аст, пулҳои нав сар аз 10-уми сентябр ба гардиш хоҳанд баромад. Пули сомонӣ сар аз соли 2000 дар Тоҷикистон ба ҳайси пули миллӣ муаррифӣ шуд. Ҳоло пулҳои дорои арзиши 1,5,10,20,50,100 сомонӣ ва 1,5,20,50 дирам дар гардиш мебошанд. Дар ин байн як муддат дирамҳо аз пули коғазӣ ба филизӣ табдил ёфт, аммо ин таҷриба бақо пайдо накард.
XS
SM
MD
LG