Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Блейк ба Тоҷикистон меояд


Имрӯз Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, вориди шаҳри Душанбе мешавад. Хабаргузории “Авесто” бо такя ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки дар нимаи дуввуми рӯз машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон баргузор мешавад. Мулоқотҳои Роберт Блейк бо раҳбарони Тоҷикистон ва ҷамоаи шаҳрвандӣ ҳам ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон дар Вошингтон барои нахустин бор машваратҳои сиёсии ИМА ва Тоҷикистон доир шуда буд. Ҳайатҳои ду кишвар масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ, молиявӣ, энерҷӣ ва ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG