Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ир хостори эҳёи музокироти ҳастаӣ шуд


Ким Чен Ир, сарвари Кореяи Шимолӣ, изҳори умедворӣ кард, ки музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар бо ширкати миёнҷигарони байнулмилалӣ аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора хабаргузориҳои Чин дар шарҳи музокироти Ким Чен Ир ва раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ҳу Ҷинтао иттилоъ доданд. Ба навиштаи ин хабаргузориҳо, раҳбари Кореяи шимолӣ ҳамчунин хостори таъсиси минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаӣ лар нимҷазираи Корея шудааст.
Дар ҳамин ҳол хабар расид, ки ИМА алайҳи Кореяи шимолӣ таҳримҳои нав ҷорӣ намуд. Вазорати молияи Амрико ахиран эълом дошт, ки ҳисобҳои бонкии чаҳор шаҳрванди Кореяи шимолӣ, се ширкат ва панҷ идораву муассисаи ин кишвар мунҷамид шудаанд. Вошингтон онҳоро дар ҳамкорӣ бо барномаи ҳастаии Кореяи шимолӣ гумонбар мехонад. Фармони таҳримҳои нав алайҳи Пхенян аз сӯи раисиҷумҳури ИМА Барак Обама содир шудааст.
XS
SM
MD
LG