Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 медали варзишгарони тоҷик дар Минск


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни навҷавонону собиқадорон дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск 17 медал – 6 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ бадаст оварданд.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 47 кишвар ширкат доштанд.

Фурқат Урунов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар сабқати собиқадорон се медали тилло ба даст овард ва бо Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон-2010 сарфароз шуд.

Дар сабқати навҷавонон, ҳамчунин, ҳунарнамоии Сабина Тағойназарова дар вазни то 46 килограмм ва Ганҷина Ҳабибуллоева дар вазни то 58 килограмм шоистаи таҳсин аст. Ҳарду дар рақобатҳои инфиродӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Ба ин тартиб Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Русия мақоми севумро касб кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ миёни писарбачаҳо ғолиб шуд. Дастаи Русия дар ҷои дуввум ва Кореяи Шимолӣ дар ҷои севум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG