Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА расман хатми амалиёт дар Ироқро эълон мекунад


ИМА имрӯз расман хатми амалиёти низомӣ дар Ироқро эълон хоҳад кард. Ин амалиёт баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн ҳафту ним сол идома кард. Қарор аст, ки дар робита ба хатми амалиёти низомӣ имрӯз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз Кохи Сафед ба мардум паёми телевизионӣ ироа кунад.
Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА ба хотири ширкат дар маросими тантанавии низомӣ рӯзи 1 сентябр вориди Бағдод шуд. Қарор аст, ки ӯ имрӯз бо Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, мавзӯъи хатми хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ва раванди интиқоли таъмини амният дар кишвар ба мақомоти амниятӣ ва ҳифти тартиботи маҳаллиро баррасӣ кунад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ноиби раисиҷумҳури ИМА дар мулоқотҳояш дар Бағдод мавзӯъи таъсиси ҳукумати нави Ироқро ҳам дар миён хоҳад гузошт. Бӯҳрони сиёсӣ дар Ироқ тақрибан ним сол боз идома дорад - баъд аз интихоботи парлумонии моҳи март нерӯҳои бузурги сиёсии кишвар дар мавриди таъсиси ҳукумати эътилофӣ ба созиш нарасидаанд.
Баъд аз хатми амалиёти низомӣ дар Ироқ 50 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ боқӣ мемонанд, ки ба тамрини низомиёни ироқӣ машғул хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG