Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел: НАТО хостори ҳамкорӣ бо Украинаи бетараф аст


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович даъват кард, ки робитааш бо кишварҳои ғарбиро густариш диҳад. Баъд аз анҷоми музокирот бо Янукович дар Берлин, хонум Меркел изҳор намуд, ки чун Украина хостори вуруд ба НАТО нест, Паймон тарҳи нави ҳамкорӣ бо Киевро пешниҳод хоҳад кард. Ӯ афзуд, "ман паёми возеҳ додам, ки мо тасмими Украина дар бораи ҳамкории минбаъдааш бо НАТО-ро пазируфтем. Мо аз мавқеъи воқеъбинона кор мегирем. Узвият дар Паймони НАТО алҳол дар рӯзнома нест. Бо вуҷуди ин, бояд майдоне барои ҳамкорӣ боқӣ бимонад ва замоне, ки НАТО қойидаҳои нави ҳамкорӣ бо кишварҳои бетарафро қабул мекунад, мо робита зич хоҳем дошт".
Садри аъзами Олмон ҳамчунин аз вазъи озодии матбуот дар Украина изҳори нигаронӣ кард. 27 август созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз Ангела Меркел даъват карда буд, ки дар мулоқот бо Виктор Янукович мавзӯъи маҳдудсозии озодии матбуот дар Украинаро ба миён гузорад.
XS
SM
MD
LG