Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи ҳодисаи тирпарронӣ дар Братислава шурӯъ шуд


Дар шаҳри Братислава, пойтахти Словакия, тибқи иттилоъи ахир, бар асари тирпарронӣ аз сӯи як низомии собиқ 7 нафар кушта ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Даниэл Липшитс, вазири умури дохилии Словакия дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки вазъи се нафар аз маҷрӯҳон хело сангин аст. Айни ҳол, ба гуфтаи ӯ, сабабҳои тирандозӣ тафтиш мешавад. Баъдан вазир иттилоъ дод, ки панҷ нафари кушташуда – лӯлиҳои маҳаллиянд. Тибқи хабарҳо, низомии собиқ тирпаррониро дар як манзили зист шурӯъ карда баъдан ба кӯча баромад ва сӯи тирезаҳо ва мардуми атроф оташ кушод. Ярослав Списяк, раиси полиси Словакия, ба хабарнигорон гуфт, ки "кормандони полис баъд аз ду дақиқаи тирандозӣ дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Дар ин лаҳза ҷинояткор аллакай аз хона берун шуд ва чун дид, ки кормандони полис омадаанд, сӯяшон оташ кушод. Баъди ин нерӯҳои бештари полис омаданд ва ҷинояткорро дар муҳосира гирифтанд. Ӯ интихоби дигар надошт ва даст ба худкӯшӣ зад".
Тирпарронӣ дар минтақаи Девинска Нова Веси Братислава – хунбортарин ҳодиса дар таърихи баъд аз ҷангии Словакия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG