Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ғайриинтизор вориди Бағдод шуд


Ҷо Байден, ноиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз бо Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, мавзӯъи хатми хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ва раванди интиқоли таъмини амният дар кишвар ба мақомоти амниятӣ ва ҳифти тартиботи маҳаллиро баррасӣ хоҳад кард. Байден дирӯз бо як сафари ғайриинтизор вориди Бағдод шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ноиби раисиҷумҳури ИМА дар мулоқотҳояш дар Бағдод мавзӯъи таъсиси ҳукумати нави Ироқро ҳам дар миён хоҳад гузошт. Бӯҳрони сиёсӣ дар Ироқ тақрибан ним сол боз идома дорад - баъд аз интихоботи парлумонии моҳи март нерӯҳои бузурги сиёсии кишвар дар мавриди таъсиси ҳукумати эътилофӣ ба созиш нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG