Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форум-театри ҷавонони тарғибгари сулҳ


Бештар аз сад наврас аз шаш рустои наздимарзии Тоҷикистон қарор аст тайи чанд рӯз дар мавзӯи низоъшиносӣ саҳнаҳои театрӣ омода созанд ва бо намоишномаҳо дар мактабҳо ба ҳамсолонашон роҳҳои ҳалли низоъҳоро биомӯзонанд.

Ин ҳунармандон ҳирфаӣ набуда, аз ҷумлаи муҳасcилини мактабҳои вилояти Суғду Хатлонанд, ки аз рӯи барномаи Театри ҷавонони мавсум ба «Сулҳ» дар чанд истироҳатгоҳи кишвар омӯзиш дидаанд ва дар шакли форум-театрҳо ҳалли низоъҳои мухталифро тариқи мусолиҳа нишон медиҳанд.

Тарғиби таҳаммулпазирӣ

Арадик Набиулин, яке аз масъулини тарҳи мазкур мегӯяд, дар ин театр-форум маҳз кӯдаконе ширкат мекунанд, ки дар ҳамсоягӣ бо кишварҳои Ӯзбакистону Қирғизистон ба сар мебаранд ва аз даъвоҳои батакарори сокинони ин кишварҳо бар сари обу марзу қавмгароӣ огоҳанд ва ҳатто дар бархе ҳолатҳо дар ин низоъҳо иштирок мекунанд.

Ба гуфтаи Арадик Набиулин, ба фарқ аз театрҳои оддӣ дар форум-театрҳо, ки барои нахустин бор дар кишвар ба роҳ монда мешавад, наврасон метавонанд ҳам тамошобин бошанд ва ҳам бозигар. Мусоҳиби мо афзуд, таҷрибаи баргузории форум-театрҳо дар кишварҳои дигар натиҷаи мусбат додааст ва онҳо низ интизоранд бо ин васила дар насли ҷавони кишвар, малакаи ба таври осоишта ҳалли мушкилоти мухталифро тарбия кунанд.

Дар театри ҷавонони “Сулҳ” наврасон дар асоси низоъҳое, ки худ шоҳид будаанд, шурӯъ аз мушкилоти оилавӣ то ихтилоф дар мактабу рустоҳҳо, саҳнаҳоро таҳия хоҳанд кард.

Мусолиҳа аз зӯроварӣ беҳтар аст

Комил Маҷидов, хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Гулистони вилояти Хатлон ва яке аз ширкатдорони театр-форуми”Сулҳ”, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, қаблан ӯ фикр мекард, ки ҳамагуна ихтилофро мешавад бо роҳи ҷангу зӯроварӣ ҳал кард, вале ҳоло ӯ фикрашро тағйир додааст. Ва мегӯяд, акнун омодааст, дар рафъи ҳар ихтилофе, ки миёни ҳамсолон ва ҳамдеҳагонаш ба вуҷуд меояд, иштирок кунад ва бифаҳмонад, ки мусолиҳа аз ҷангу занозанӣ беҳтар аст.

Фирӯза Бободӯстова, омӯзгори яке аз рустоҳо дар вилояти Суғд, мегӯяд, яке аз мушкилоти умда, ки бештар боиси ихтилофи ҷавонон бо волидайн мешавад, баргузории маросими арӯсист, ки маъмулан бо тақозои насли бузургсол бидуни рақсу суруд ва бо амри маъруфи рӯҳониён анҷом мешавад. Хонум Фирӯза мегӯяд, ҳамин мавзӯъ низ дар яке аз саҳнаҳои ҳунармандони наврас инъикос хоҳад шудааст.

Ба андешаи хонум Фирӯза, дар сурате, ки волидайн ин саҳнаро тамошо кунанд, шояд барои омадан ба созиш ва пайдо кардани роҳе, ки ҳам барои онҳо ва ҳам барои фарзандонашон созгор бошад, кӯшиш хоҳанд кард.
Барномаи театри ҷавонони «Сулҳ» яке аз чандин тарҳҳоест, ки аз сӯи Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё ЮСАИД дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад ва барои пиёда кардани он 500 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG