Пайвандҳои дастрасӣ

«ИмрӯзNews» бо пайроҳае ба фазои иттилоотӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон роҳ ёфтааст, ки солҳои пеш рӯзномаҳои дигарро ба нокомӣ бурдааст. Зуҳураш ҳам дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки ба ақидаи аксари коршиносон, мушкилоти сохтори дастраскунии нашрияҳо, чопхонаи мустақил ва мутахассисони касбӣ ҳалли худро наёфтааст.

Аммо Раҷаби Мирзо, сардабири «ИмрӯзNews» мегӯяд, ӯ ҳанӯз ҳам бар он бовар аст, ки озодии сиёсӣ истиқлоли иқтисодиро муайян мекунад, яъне мушкилоти фанниву молӣ дуюмдараҷаанд.

Рисолати "ИмрӯзNews"--танҳо иттилоърасонӣ?

Вай мегӯяд, бар хилофи дигар нашрияҳо, «ИмрӯзNews» ба масоили таърихӣ, бахусус ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ тамаркуз нахоҳад кард:

«ИмрӯзNews» бештар такя мекунад бар маълумот. Замоне гузаштааст, ки аз тариқи рӯзнома мардум ҷасорат пайдо кунад. Ин замон гузашт. Ин рисолати матбуот анҷом шуд. Замоне расидааст, ки мардум худ иттилоъро хонад, таҳлил кунад ва хулоса барорад. Яъне нон додан, на хоида додани нон».



Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон назари оқои Мирзоро ғайривоқеӣ мешуморанд, зеро ҷомиаи Тоҷикистон ҳанӯз ба таҳлили иттилоъ ва аз он хулоса баровардан нарасидааст.

Хуршеди Атоулло, сардабири «Фараж» мегӯяд, танҳо иттилоърасонӣ кори як оҷонс аст, ҳатто машҳуртарин нашрияҳои ҷаҳонӣ таҳлил доранд, назарҳои инфиродиву гурӯҳӣ доранд ва «ИмрӯзNews» бо ин шеваи бархӯрд муваффақ нахоҳад шуд. Вай афзуд:

«ИмрӯзNews” кори хайр аст, ки интизораш будем. Аммо бидуни маблағи кофӣ ин иқдоми нофуваффақ аст. Масъулини рӯзнома мегӯянд, ки сохтори ба хонандагон дастрас кардани рӯзномаро ҳам ташкил кардаанд, агар он кор кунад, пас рӯзнома дигар мушкил надорад».

Бозори рақобати матбуотӣ гармтар мешавад

Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия-плюс», ҳафтаномае, ки низ баробари «ИмрӯзNews» аз 30 август ҳафтае ду маротиба нашр мешавад, мегӯяд, аз рӯи иттилоъе, ки дорад, «ИмрӯзNews» пуштибонии кофии молӣ ва кормандони варзида дорад, аз ин хотир муваффақ хоҳад шуд:
«Мо аз қабл нақша доштем, ки дар як ҳафта ду маротиба нашр шавем. Аммо «ИмрӯзNews» моро маҷбур кард, ки ин корро барвақттар шурӯъ кунем. Зеро акнун онҳо рақиби мо ҳастанд, рақиби арзанда ва нерӯманд».

Ба ақидаи коршиносон, «Азия-плюс» дар ҳоли ҳозир 70 — 80 дарсади бозори реклама дар матбуотро дар ихтиёр дорад. Ба суоли мо «оё «Азия-плюс» нигароние дорад, ки бозори рекломро ба «ИмрӯзNews» хоҳад бохт?», оқои Мамадшоев посухи рад дод ва афзуд, ин бозор агар дуруст истифода шавад, барои ҳама кофист.

Зимнан нашрияи "ИмрузNews"-ро ширакати ҳамномаш ки бунёдгузори он Рустами Ҷонӣ аст сармоягузорӣ мекунад. Рустами Ҷонӣ дар гузашта радиоеро бо номи "Имруз" роҳбарӣ мекард.

Акбари Саттор, сарвари ширкати матбуотии «Чархи гардун» мегӯяд, баъд аз нашри «ИмрӯзNews» дар фикри дар як ҳафта нашр кардани ҳафтаномаҳояш афтидааст.

Вай афзуд, фақат гап дар реклама нест, балки мӯҳтавои ҳафтаномаҳо ҳам ҳаст:
«Агар рӯзнома мебуд, масалан, ҳодисаи фирори зиндониён аз боздоштгоҳ дигар гуна баррасӣ мешуд. Ин мавзӯъро ҳафтаи гузашта ҳамаи ҳафтаномаҳо якранг доданд. Агар рӯзнома мебуд, ҳафтаномаҳо дар фикр меафтоданд, ки чӣ нависанд, то ба рӯзнома монанд нанависанд ва ҳам муштарии худро аз даст надиҳанд».

Аввалин нашрияи ҳарруза пас аз истиқлол

Дар ҳамин ҳол, "ИмрӯзNews" аввалин кӯшиши роҳандозии рӯзнома дар Тоҷикистон нест. Панҷ сол пеш, ширкати расонаии «Чархи гардун» рӯзномаеро таҳти унвони «Рӯз ба рӯз» ҳафтае се маротиба нашр мекард, ки аз ним сол зиёд ба кори худ худ идома дода натавонист. «Фараж» соли гузашта муддати ду моҳ ҳафтае ду бор нашр мегашт, аммо муваффақ нашуд.

Аммо рӯзномаҳо дар Тоҷикистон дар аҳди Шӯравӣ вуҷуд доштанд. Дар ин кишвар беш аз 5 рӯзнома нашр мешуд, ки ҳама баъд аз истиқлолият ба ҳафтанома табдил ёфтанд, ба ҷуз «Ҷумҳурият», нашрияи раисҷумҳури Тоҷикистон. Ин рӯзнома аз чор сол ба ин сӯ муназзам ҳафтае се маротиба нашр мешавад.

Нашрияи хусусии «ИмрӯзNews” кӯшиши аввалини дар панҷ рӯзи кории ҳафта нашр кардани рӯзнома дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аст. Масъулини рӯзнома истисно намедонанд, ки баъд аз пеш омадани мушкилоти моливу фанниву эҷодӣ ба ҳафтанома табдил ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG