Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 ҳизб барои ширкат дар интихобот ариза додаанд


Бино ба иттилоъи Оқилбек Сариев, раиси Куммиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон, то имрӯз барои ширкат дар интихоботи парлумонии 10 октябр 14 ҳизби сиёсӣ ариза додаанд. Замони сабти аризаи аҳзоб барои ширкат дар ин маърака имрӯз ба поён расида, аз 10 сентябр маъракаҳои пешазинтихоботӣ оғоз хоҳад ёфт. Тибқи Қонуни нави асосии Қирғизистон, ҳизби барандаи интихобот ҳаққи интихоби сарвазир ва ташкили кобинаи вазиронро ба даст хоҳад овард.
Парлумони пешини Қирғизистон дар пайи барканории раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрел мунҳал шуд.
XS
SM
MD
LG