Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ эътиборномаи сафири нави Афғонистонро қабул кард


Абдулғафури Орзу, сафири нави фавқулодда ва мухтори Афғонистон дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дидору мулоқот намуда ва эътиборномаи худро ба вазири хориҷии Тоҷикистон таслим кардааст.

Дар мулоқоти ду ҷониб масъалаи густариши муносиботи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҷабҳаҳои мухталиф ва боло бурдани сатҳи зарфияти ҳамкориҳо баррасӣ шудааст.

Абудлғафури Орзу ахиран аз сӯи Ҳомиди Карзай ба мақомоти сафири Афонистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Абдулғафури Орзу кист?

Доктор Абдулғафури Орзу 49 сол дошта, моҳи марти соли 1961 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Мавсуф дастпарвари риштаи адабиёти дарии Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон буда, ҳамчун раиси идорӣ дар вилояти Ҳирот ифои вазифа намудааст. Ӯ ба ҳайси муовини сафири Афғонистон дар Эрон ва мушовири вазири корҳои хориҷии Афғонистон фаъолият кардааст.

Доктор Абдулғафури Орзу ба ҳайси донишманд, муҳаққиқ ва шоиру нависанда шинохта шудааст. «Нақди Халилӣ», «Гузидаи ашъори абёти Бедил», «Бӯсиқои Бедил», «Хӯшаҳо аз ҷаҳонбинии Бедил», «Сиёҳи сафед андарун», «Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон», «Даранге дар адабиёти Фаранг», «Нигоҳе ба тафсири мафотеҳ –ул ғайб», «Инсони комил аз нигоҳи Бедил ва Ҳофиз», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ» «Ишқ аст хулосаи вуҷудам», «Агар Фарҳод шуд Ширин бимонад», «Ҷоритар аз ҳамеша», «Чашм дар чашми оина», «Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» ашъори насрию назмиии Орзуро ташкил медиҳанд.

Сафирони қаблӣ

Аз соли 1991 то кунун қабл аз Абдулғафури Орзу, Муҳандис Абдураҳим, Сайидиброҳими Ҳикмат, Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ ва Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ ба ҳайси сафирони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудаанд.

Муносиботи Тоҷикистон в Афғонистон аз соли 2001 ба думболи суқути Толибон ба марҳилаи тозае ворид шуд ва танҳо дар ҳамон сол Тоҷикистон ба кушодани сафорати худ дар Кобул иқдом кард. Аввалин сафири Тоҷикистон дар Кобул Фарҳод Маҳкамов буд ва феълан Шарифиддин Имомов ин маснабдро бар ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG