Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар марҳилаи дувоздаҳуми мусобиқоти даъвати ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Риетии Итолиё медали биринҷӣ ба даст овард.


Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дода, мақоми севумро касб кард.

Кодзи Мирофусии ҷопонӣ, ки бо натиҷаи 80 метру 96 сантиметр ғолиб шуд, бо медали тилло сарфароз гашт. Либор Чафрейтаг, аз Словакия, бо натиҷаи 79 метру 62 сантиметр дар ҷои дуввум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG