Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустшумораи "Имрӯз News" ба бозор даромад


Имрӯз, 30 август нахустшумораи нашрияи ҳаррӯзаи “Имрӯз News” ба бозор даромад. Сардабири “Имрӯз News” хабарнигори шинохта Раҷаби Мирзост, ки дар гузашта сардабирии ҳафтавори маъруфи баъдан басташудаи “Рӯзи нав”-ро бар дӯш дошт. Раҷаби Мирзо гуфт, тайи 19 соли истиқлолияти Тоҷикистон “Имрӯз News” нахустин нашрия дар ин кишвар аст, ки ба сурати ҳаррӯза нашр хоҳад шуд.
Сар аз имрӯз ҳафтавори мустақили “Азия Плюс” низ ба сурати ду дафъа дар ҳафта нашр хоҳад шуд. Нашри рӯзи душанбеи “Азия Плюс” таҳти унвони “Азия Плюс- Душанбе” ба бозор даромад. Сардабири нашрия Марат Мамадшоев гуфт, ин қадами аввали онҳо дар роҳи оғози чопи нашрияи ҳаррӯза аст.

XS
SM
MD
LG