Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи скинҳедҳо ба ҷашнвораи рок дар Миасси Русия


Бино ба гузоришҳо, бар асари ҳамлаи скинҳедҳои мусаллаҳ бо занҷиру калтак ба як ҷашнвораи мусиқии рок дар минтақаи Урали Русия дастикам 11 нафар ба бемористон бурда шуданд.Сухангӯи ҷашнвораи “Торнадо” дар шаҳри Миасси вилояти Челябинск гуфт: “Онҳо ҳама бепираҳан буда, муташаккилона аз самти шимол вориди майдони ҷашнвора шуданд. Онҳо 6-8 нафарӣ саф баста буданд ва ба калтаккӯбии мардуму паррондани онҳо аз силоҳҳои травматикӣ оғоз карданд.”
Телевизиони Россия-24 дар бораи ҳалокати як духтари 14-сола ҳам хабар дод, вале хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли пулиси вилояти Челябинск навишт, ки касе кушта нашудааст.
ИТАР-ТАСС ҳамчунин аз боздошти 15 нафари гумонбар ба иҷрои ҳамла дар шаҳри Миасс хабар додааст. Аммо ҳадафи ҳамла ҳанӯз рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG