Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Путин ба мухолифони Кремл


Сарвазири Русия Владимир Путин мухолифинро ҳушдор дод, ки пулис ба хотири пароканда кардани эътирозҳои бидуни иҷозат боз ҳам аз нирӯ истифода хоҳад бурд. Путин ба рӯзномаи русии “Коммерсант” гуфт, эътирозгароне, ки бидуни дарёфти иҷозати мақомоти маҳаллӣ даст ба тазоҳурот мезананд, “зери зарби калтак хоҳанд монд.” Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки дар интихоботи соли 2012 метавонад барои боз як давраи дигари раёсатҷумҳурӣ вориди мубориза шавад. Путин аз соли 2000 то 2008 ду давраи раисиҷумҳури Русия буд. Вале азбаскӣ барои се давраи пайиҳам наметавонист дар ин мақом бимонад, дар интихоботи ахир ворисаш Дмитрий Медведев ба курсии президентӣ нишаст ва худи Путин сарвазир шуд. Вале тибқи қонун, Путин ҳаққи ширкатдар интихоботи соли 2012-ро дорад.
XS
SM
MD
LG