Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 1 миллиард $ кӯмаки ҷаҳони Ислом ба Покистон


Созмони Конфаронси исломӣ гуфт, кишварҳо, созмонҳо ва афроди алоҳидаи мусалмон ба Покистон наздики 1 миллиард доллар ваъдаи кӯмак кардаанд. Экмолиддин Эҳсонуғлу, раиси ин созмони иборат аз 57 кишвари мусалмонӣ гуфт, ваъдаи чунин кӯмакҳои саршор аз ҷониби кишварҳои мусалмонӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои дигари Саудияву Туркия, Кувайту Қатар ва Имороти Араб расидааст.
Обхезиҳои бесобиқаи ношӣ аз боришоти шадид дар Покистон ба тақрибан 17 миллион нафар осеб расондааст.
XS
SM
MD
LG