Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 мӯсафед бар асари сӯхтор дар Твер


Мақомоти Русия мегӯянд, бар асари сӯхтор дар як хонаи кӯҳансолон дар вилояти ғарбии Твер 9 нафар ҳалок шудаанд.
Кирилл Невский, сухангӯи бахши вилоятии вазорати ҳолоти изтирорӣ гуфт, оташсӯзӣ субҳи имрӯз дар қабати севвуми сохтмони ҳафтқабатаи хонаи кӯҳансолон дар шаҳраки Вишний Волочок рух дода, фурӯ нишонданаш қариб як соат идома кард: “Бар асари сӯхтор 9 нафар ҳалок шуда, 2 тани дигар осеб диданд. Осебдидагонро ба бемористон бурданд. Дар сохтмон ҳамагӣ 458 нафар ба сар мебурд.”
Мақомот мегӯянд, сӯхтор шояд дар натиҷаи қасди худсӯзии яке аз аҳли хонаи кӯҳансолон сар задааст. Мақомот аз як ҳуҷра, ки саргаҳи сӯхтор будааст, як бушка маводи сӯхт ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG