Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди панҷуми тӯфони Катрин дар Ню-Орлинз


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар солгарди панҷуми тӯфони пурхисораи Катрин дар Ню-Орлинз аз сабру тоқати аҳли ин шаҳр ситоиш кард ва гуфт, маъмурияти ӯ барномаи бозсозии Ню-Орлинзро то охир хоҳад бурд.
Соли 2005 бар асари тӯфону обхезӣ дар ин минтақа ҳудуди 2000 нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар беҷо шуданд. Офати табиӣ ба Ню-Орлинз ва боқӣ манотиқи соҳили халиҷи Мексика миллиардҳо доллар хисорот овард.
XS
SM
MD
LG