Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми севвуми Дилшод Назаров дар Итолиё


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти Ҷоми чолиши Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук дар Риеттии Итолиё сазовори ҷойи севвум шуд. Варзишкори тоҷик гурзашро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр андохт.
Ҷойи аввалро дар ин сабқат Коҷӣ Мурофушӣ аз Ҷопон бо натиҷаи 80 метру 96 сантиметр гирифт. Мақоми дуввум насиби Либор Харфрейтаг аз Словакия гардид.
XS
SM
MD
LG